7 Апрел 2025 - 23:18
Source: Parstoday
Ахбор | Генерали мисрй: Исроил қодир нест, ки ба мукобили артиши Миср мубориза барад/ Ироқчӣ: Аҳли музокира ҳастем аммо ғайримустақим

Коршиноси низомии мисрӣ гуфт: Исроил дар айни замон тавони амалиёти низомӣ ба зидди Мисрро надорад.

Ба гузориши Порс тудей, генерал Самир Фараҷ, коршиноси низомии мисрӣ рӯзи якшанбе гуфт: "Исроил тавони ҷанг бо артиши Мисрро надорад ва артиш комилан омодаи ҷанг аст." Самир Фараҷ ҳамчунин дар мавриди тақозоҳои тавсеъаталаби режими саҳюнистӣ аз Миср дар мавриди Сино тавзеҳ дод: Ин сарзамини Миср аст ва Миср ҳар чӣ бихоҳад метавонад дар он анҷом диҳад.

Донишҷӯёни бангладешӣ алайҳи ваҳшиёнаи режими Исроил дар Ғазза эътироз карданд

Донишҷӯёни бангладешӣ дар вокуниш ба куштори ваҳшиёнаи режими Исроил дар тӯли якуним сол дар навори Ғазза рӯзи якшанбе тазоҳурот ва эътисоби умумӣ дар донишгоҳҳои саросари кишварро тақозо карданд. Фрэнсис Фарид, донишҷӯи Донишгоҳи Брак дар эътироз дар Дака гуфт, "Он чӣ дар Ғазза рух медиҳад, ҷинояти ошкори ҷангӣ аст". Исроил ин куштори ваҳшиёнаро барои назорати Ғазза анҷом медиҳад.

Баргузории 1200 тазоҳурот зидди Трамп дар Амрико ва дигар шаҳрҳои ҷаҳон

Рузи гузашта ҳазорон нафар дар Вашенгтон Ди Си ва дигар қисматҳои Иёлоти Муттаҳида  ҷамъ шуданд то дар беш аз 1200 тазоҳуроти гуногун ширкат кунанд. Ин тазоҳурот бузургтарин тазоҳурот алайҳи Доналд Трамп ва муттаҳиди миллиардери ӯ Илон Маск аз замони оғози талошҳо барои таҷдиди ҳукумат ва тавсеаи қудрати президентӣ буданд. Ин эътирозҳо на танҳо дар ҳама 50 иёлати Амрико, балки дар кишварҳои дигар, аз қабили Олмон, Фаронса, Канада ва Мексика низ ба нақша гирифта шуда буданд.

Ҳамос: Давлати Трамп масъули мустақим дар наслкушии Фаластин аст

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин рӯзи якшанбе бо интишори баёнияе давлати Трампро масъули куштори ахири режими саҳюнистӣ дар навори Ғазза хонд ва эълом кард: Ҳимоятҳои сиёсӣ ва низомии Вошингтон аз кобинаи тундрави Натаняҳу заминасози идомаи ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ шуда аст.

Эътирози мардуми Маҷористон ба сафари Натаняҳу ва пора кардани парчами Исроил

Ҳамзамон бо сафари Бинямин Натаняҳу, нахуствазири Исроил ба Маҷористон, дирӯз ду шаҳрванди аврупоӣ ба нишони эътироз аз ҷиноятҳои режим дар Ғазза парчамҳои Исроилро канда ва ба дарё андохтанд.

Ирақчӣ: Аҳли музокира ҳастем, аммо ғайримустақим

Сайид Аббос Ирақчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон, баъд аз зӯҳри якшанбе дар бораи музокироти Эрон ва Амрико гуфт: "Мо ҷонибдори дипломатия ва музокира ҳастем, аммо ғайримустақим, албатта, бояд эътироф кард, ки то кунун ҳеҷ даври музокира сурат нагирифтааст." Ирақчӣ ҳамчунин дар робита ба изҳороти сенатори амрикоӣ рӯшан кард, ки раисиҷумҳури ин кишвар созиш бо Эронро ба тавофуқи Вашингтон бо Либия дар соли 2003 бартарӣ медиҳад: Таъкид кард магар дар хоб бубинанд.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha